аҳд

аҳд
[عهد]
а
1. паймон, шарт, қарордод, муоҳида; ваъда; аҳду вафо паймону садоқат; қавл додан ва дар қавли худ устувор будан; аҳду паймон қавлу ваъда; аҳд бастан паймон кардан; аҳд кардан қавл додан; аҳду паймон бастан қарордод кардан, шарту паймон кардан; аҳду паймон кардан шарту қарордод намудан; аҳд шикастан қарордод вайрон кардан; ваъдахилофӣ намудан; ба аҳд пойдор будан ба ваъда устувор будан; ба аҳд вафо кардан мувофиқи қарордод амал кардан, ба паймон ва ваъда устувор будан
2. замон, давр; аҳди сиғар давраи хурдсолӣ, замони кӯдакӣ; аҳди шабоб айёми ҷавонӣ, давраи ҷавонӣ; аҳди қадим замони гузашта, давраи кӯҳна; аҳди гул фасли баҳор

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем решить контрольную работу

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»